Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд

Июль 26, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар тоданд.

Зимни ҷаласа мавзуи «Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм: мавқеъ ва нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ин масъала» баррасӣ гардид.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризмро яке аз самтҳои муҳими сиёсат қарор дода, заминаи устувори ҳуқуқӣ таҳия намудааст.

Иброз гардид, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласаи имрӯза огоҳ намудани ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон аз ниқобдигаркунии ин зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳони муосир ва таъсиси гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ва қурбон гардидани аҳолии бегуноҳ ба хотири ҳадафҳои геосиёсии нопоки онҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки роҳҳои асосии мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм- ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва ходимони дин мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад ва таҷрибаи ғании он аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон омӯхта мешавад.

«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2020 – 2025» яке аз санадҳои дорои хусусияти барномавӣ буда, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Ифротгароӣ ва терроризм яке аз мушкилоти асосии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар пешгирии ин зуҳуроти номатлубу буҳронзо шинохти паҳлуҳои гуногуни ифротгароӣ ва терроризм ва муаррифии воқеии он барои боло бурдани сатҳи огоҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд дар канори дигар ниҳодҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ низ метавонад нақши мусбат гузорад.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар барои 460 нафар пешбинӣ шудааст
«СУЛҲОФАРӢ-МАРОМИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
Ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд
Ҷаласаи якуми Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид