Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз сохтмон ва таъмиру навсозӣ муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар деҳаҳои ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Мурғоб ва Шуғнон бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои тиббии замонавӣ дар ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад. Инчунин дар шаҳри Хоруғ Маркази солимии репродуктивӣ баъди навсозӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин муассисаҳои навбунёди тандурустӣ баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гардида, онҳо бо таҷҳизоту лавозимотҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми солҳои охир якчанд муассисаҳои табобатию ташхисии замонавӣ сохта ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои беҳтаргардонии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пешбинӣ гардидаанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳурии Тоҷикистон








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






