Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ муассисаи томактабӣ бунёд мегардад

Июль 22, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томини Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ба бунёди бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бунёд ва баистифодадиҳии боғчаҳои бачагона дар ноҳияи Айнӣ идома дорад. Дар ин замина дар ҳар деҳае, ки дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ мебошад, бунёди кӯдакистон зарур шуморида мешавад.

Муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои ду ҳуҷраи таълимӣ, ду ҳуҷра барои хоби кӯдакон, ду ҳуҷраи корӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи беҳдоштӣ, ҳуҷраи техникӣ ва буфет хоҳад буд.

Лоиҳаи бино аз ҷониби Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» тарҳрезӣ гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии сокинони саховатпешаи деҳаи Томин бунёд мегардад. Муассиса барои 60 таълимгиранда пешбинӣ шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Июль 22, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд