Дар деҳоти Навбаҳори Мастчоҳ коргоҳи муосири истеҳсоли плита, симчӯбҳои бетонӣ ва коркарди шағал бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эронёр» сохтмони коргоҳи муосири истеҳсоли плита, симчӯбҳои бетонӣ ва коркарди шағал босуръат идома дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, коргоҳ бо сармоягузории соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов бунёд шуда, ҳадафи он афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, тақвияти имконияти маҳаллӣ ва фароҳамсозии ҷойи нави кор мебошад.
Таҷҳизоти асосии иншоот аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, ба талаботи муосири технологӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Тибқи маълумот, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз ба 24 плитаи бетонӣ ва 12 симчӯби бетонӣ мерасад. Ин маҳсулот дар сохтмони иншооти муҳандисӣ, манзили зист, хати интиқоли барқ ва дигар зерсохторҳо истифода бурда мешавад. Дар коргоҳ ҳамзамон коркарди шағал ва омода намудани маҳлулҳои сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад, ки эҳтиёҷоти дохилӣ ба масолеҳи сохтмониро ба таври назаррас қонеъ хоҳад намуд.
Иҷрои ин лоиҳа на танҳо ба рушди соҳаи сохтмони ноҳия, балки ба мустаҳкам шудани пояҳои иқтисоди маҳаллӣ ва коҳиши вобастагӣ аз масолеҳи воридотӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон бо ба кор даромадани коргоҳ то 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд. Ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии сокинон ва таъмини зиндагии шоиста замина мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






