Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир гардид

Июль 23, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода,  намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкилоти байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Форум бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Он ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, таҳкими ҳампайвандии иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ равона гардида буд.

Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон сиёсати иқтисодии минтақавиро дар заминаи ҳамгироии устувор ва шарикии баробар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд. Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ пурра ҳалли худро ёфта, ба рушди «сабз», рақамикунонӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ тамаркуз карда мешавад.

Аҳлиддин Нуриддинзода дар сессия бахшида ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва рақамӣ сухан гуфта, масъалаҳои рушди кластерҳои саноатӣ, густариши паркҳои технологии рақамӣ ва истифодаи имконоти платформаҳои рақамӣ барои ҳамгироии истеҳсолиро мавриди муҳокима қарор дод.

Дар сессия бахшида ба масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва ташаккули абзорҳои амалии ҳамгироии минтақавӣ Аҳлиддин Нуриддинзода мавқеи мамлакатро оид ба зарурати мутобиқсозии қолабҳо ва воситаҳои ҳамкорӣ ба шароити нави иқтисодии байниминтақавӣ ва талаботи рушди устувор баён намуд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалии рушди иқтисодӣ ва тиҷорат буда, дар ин самт омода аст таҷриба ва ташаббусҳои худро дар самти ҳамгироии минтақавӣ ба таври фаъол муаррифӣ намояд.

Дар идомаи форум якчанд сессияҳои дигар баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа тавассути рақамикунонӣ, рушди кластерҳо, ҷалби занон ба иқтисод ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардида буданд.

Дар ҳошияи форум бо мақсади таҳкими ҳамкории амалӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ниҳодҳои соҳибкорӣ панҷ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо ҳамкории Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Суғд»-ро бо Шурои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон, инчунин робитаҳои нави минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Данғара» ва «Панҷ»-ро бо Минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» (Ҷумҳурии Узбекистон) дар бар мегиранд. Имзои ин ёддоштҳо ба тавсеаи иқтидори кооператсионӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, натиҷаи форум собит намуд, ки равандҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ба сӯи ҳамгироии бештар, рақамикунонӣ ва рушди «сабз» равона шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина нақши хос иҷро намуда, ташаббусҳои амалию воқеъбинонаи худро барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва рушди устувор манзур намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 23, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
Байни Тоҷикистон ва Корея оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Доир ба муаррифӣ ва баррасии имконоти сармоягузории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
WTDC-2025: Тоҷикистон ва Эрон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи барқиро баррасӣ намуданд
Султон Раҳимзода дар Форуми байналмилалии «Istanbul Development Dialogues 2025» рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт 115 ҳазор хоҷагиро бо неруи барқ таъмин менамояд
То соли 2030 истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ ба 3000 МВт мерасад
Натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии мақоми олии аудит» муаррифӣ карда шуд
Масъулини вилояти Суғд барои андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф вазифадор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар Боку иштирок дорад
Сарвари давлат: «Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва рушди вилояти Суғд татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад»
Иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид