Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд

Июль 4, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ» ҳамоиш доир гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз дошт, ки густариши иқтисодиёти рақамӣ ва Ҳукумати электронӣ амалҳои муҳиму саривақтие мебошанд, ки пайваста дар маркази  таваҷҷуҳи  Ҳукумати мамлакат  қарор доранд. Ин аст, ки дар  ҷумҳурӣ ҳамаи шароити зарурӣ барои гузаштан ба низоми  рақамикунонӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё гашта истода, асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ барои гузариш ба ҳукумати электронӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

«Рақамикунонӣ бояд дар ҳамаи соҳаҳо вусъат ёбад. Ин  масъаларо Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд.

Масоили асосӣ ва мубраму душвор  ин рақмикунонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Технологияҳои рақамӣ воситаҳои навро ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ, ҳимоя ва амалигардонии ҳуқуқи инсон пешниҳод менамоянд ва ба ҳамаи гурӯҳ ё категорияҳои ҳуқуқи инсон ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад. Онҳо муайян мекунанд, ки шаҳрвандон чӣ тавр дастрасӣ ба иттилоотро дошта бошанд, чӣ гуна  ба воситаи он табодули афкор ва чӣ тавр ақидаҳои худро иброз дошта, баҳс ҳам намоянд»,-афзуд Ваколатдор.

Иброз гардид, ки ҷаҳони имрӯза дигаргун гашта истодааст. Ҷиноятҳое содир гашта истодааст, ки иштироки шахс бевосита намоён нест, дар ин ҷо технологияи рақамӣ дар ҳоли рушд кардан аст. Тақиб, табъиз ба воситаи телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои электронӣ аз ҷумлаи инҳоянд.

Умед Бобозода баён дошт, ки дар шароити рақамикунонӣ аҳамияти хосаро ҳуқуқ ба иттилоот ва дастрасӣ ба он бевосита доро аст.

«Дар ин ҷода нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бориз аст, зеро тибқи Стратегияи фаъолияти мақомоти ваколатдор барои солҳои 2021-2025 дастрасӣ ба иттилоот яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит шикоят ва муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон боз ҳам зиёдтар мегарданд.  Ва он тариқи электронӣ бештар амалӣ мегардад, ки мо бояд ба он омода бошем»,-таъкид намуд Умед Бобозода.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт қабул карда шудааст. Пеш аз ҳама,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» дар соли 2023, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 2021 «Дар бораи барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ.

Сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимбек Содиқзода рақамикунониро яке аз равандҳои асосии асри 21 дониста,  изҳор дошт, ки ин раванд дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар самти рушди ҳуқуқи инсон нақши муҳим бозида истодааст.

«Технологияҳои нав ба инсон имконият медиҳанд, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худ бештар воқиф гардида, амалӣ ва ҳифзи воқеии онҳоро дар самти беҳтар таъмин намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои гуногун қадамҳои устувор гузошта истодааст. Масъалаи рақамикунонӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи асосии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, солҳои охир як қатор санадҳо, аз ҷумлаи қонунҳои гуногун ва стратегияву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд»,-гуфт Ҳокимбек Содиқзода .

Иброз гардид, ки тавассути такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ танзими муфассали худро пайдо мекунад. Ҳарчанд дар замони муосир ҳуқуқи рақамӣ истилоҳи маъмул ва зарурӣ мебошад,  то ҳол дар қонунгузории на танҳо Тоҷикистон, балки аксари давлатҳои ҷаҳон, алалхусус дар сатҳи байналмилалӣ расман тавзеҳ ва мустаҳкам нашудааст. Ин ҳолат бешак ба рушди падидаи мазкур ва пешбарии андешаи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсири манфӣ дорад.

Дар робита ба ин,  ба гуфтаи Ҳокимбек Содиқзода дар ин самт аллакай қадамҳои устувор гузошта шуда истодаанд.

«Аз ҷумла нахустин маротиба  дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои рақамӣ истифода шудааст, ки ҳамчун мавзӯи шартномаи хариду фурӯш баромад мекунад. Дар назар аст,  ки дар самтҳои дигари қонунгузорӣ истифода ва тавсияи ин ҳуқуқҳо,  махсусан бо таваҷҷуҳ ба танзими позитивии он амалӣ шавад. Рақамикунонӣ,  ин пеш аз ҳама сарфаи вақт ва неру аст. Бинобар ин,  мо  бояд ба масъалаи мазкур натанҳо аз дидгоҳи мушкилот назар андозем,  балки имкониятҳо ва афзалиятҳои онро низ пайваста баррасӣ намоем»,-иброз дошт ӯ.

Таъкид карда шуд, ки рақамикунонӣ ба таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад ва имкониятҳои зиёдеро барои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ фароҳам меорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оё фарзанди шумо барои ба мактаб рафтан омода аст?
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ тақвият медиҳанд
Дар Душанбе доир ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рукни асосии идеологияи миллӣ ҳамоиши ҳизбиён баргузор шуд
Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Зарангаки ноҳияи Рашт шинос шуд
Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон 5254 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд
Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид
Дар ноҳияи Айнӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд