Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ як қатор иншооти муҳим, аз қабили муассисаи томактабӣ, маркази обуҳавошиносӣ, майдончаи варзишӣ ва маркази савдо ба истифода дода шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ба номи Давлаталӣ Шабдолов ба истифода дода шуд.
То соли 2025 чунин шароити мусоид барои тамрини намудҳои варзиши волейбол, баскетбол ва футбол вуҷуд надошт. Варзишгарон дар майдони хурде, ки барои тамрин мувофиқ набуд, машқ мекарданд. Чунин омилҳоро ба инобат гирифта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди майдончаи варзиширо ба нақша гирифт.
Дар муддати 2 сол дар ҳудуди шаҳр чор майдончаи варзишӣ бунёд гардид, ки яке аз онҳо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ маросими ифтитоҳи бинои нави маркази обуҳавошиносӣ баргузор гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав моҳи майи соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир-сохтмон» оғоз гардид. Сохмончиён тавонистанд давоми як сол корҳои бунёдиро ба иҷро расонда, бинои замонавиро ба обуҳавошиносон туҳфа намоянд. Бино дорои панҷ утоқи корӣ буда, дар он шуъбаи гидроологӣ, шуъбаи комуникатсияи автомотикӣ ва шуъбаи пешгӯиҳои обуҳаво ҷо дода шуданд.
Дар доираи сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин се муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Муассисаи томактабии «Ситорача» дар маҳаллаи Хоруғи Боло бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ду ошёна ва 8 утоқ ошхона иборат мебошад. Дар марказ омӯзгорони ботаҷриба кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифта, бо се забон ба онҳо дарс хоҳанд омӯхт.
Муассисаи томактабии дигар «Донояк» аз ду ошёна иборат буда, бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла ошхона, синфхонаҳо ва ҷойи хоб таъмин гардидааст. Дар маркази мазкур 50 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо бо 3 забон дарс хоханд омӯхт. Ҳамзамон дар марказ барои таълимгирандагон математикаи зеҳнӣ ва бозии шоҳмот низ омӯзонида мешавад.
Дар арафаи 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ марказҳои хизматрасонӣ ва савдои «Тоҷ» ва «Нур» мавриди истифода қарор гирифтанд. Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Нур» бинои сеошёна буда, дар он мағозаҳои гуногун, аз ҷумла мағозаи либосфурӯшӣ, ки дорои тамоми шароитҳо барои хариду фурӯши сокинон, ҳамчунин молу маҳсулоти босифат ва бо ҷойи нави кор таъмин гардидани сокинон фароҳам оварда шудааст.
Бинои хизматрасонӣ ва савдои «Тоҷ» низ дар ҳудуди бозори марказӣ ҷойгир буда, он аз 5 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи аввали маркази мазкур мағозаи хурокворӣ бо тамоми имкониятҳои мавҷудбуда ба мизоҷон хизматрасонӣ менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази хизматрасонӣ ва савдои «Тоҷ» шабонарузӣ кору фаъолият намуда, тариқи пардохти ғайринақдӣ харидорон метавонанд бемамоният маҳсулоти ниёзи аввалаи хешро дастрас намоянд. Молу маҳсулот бо нархҳои дастрас пешбинӣ карда шуда, ҷавонон бо ҷойҳои нави кор дар ин ҷо таъмин гардиданд.
Инчунин дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғ бинои Муассисаи давлатии фаръии хоҷагии манзилӣ комуналии шаҳри Хоруғ дар фазои танатанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилии комуналии шаҳри Хоруғ аз се бино иборат буда бо тамоми техникаву муҳимот ҳамчун туҳфа ба кормандони хоҷагии комуналии маркази вилоят супурда шуд.
Иброз гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилии камуналии шаҳри Хоруғ яке аз муасссисаҳои муҳими хоҷагии маркази вилоят ба ҳисоб рафта, кормандони он дар ободиву зебогии шаҳр саҳми муносиб мегузоранд.
Дар пайравӣ ба сиёсати иҷтимоиву фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи тадбирҳои созандагиву ободкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кӯдакистони рақами 5 –и шаҳри Хоруғ майдончаи нави бозӣ ифтитоҳ гардид. Майдонча бо навтарин таҷҳизоти бозӣ аз қабили саворакҳо, чархакҳо ва арғамчинҳо таъмин гардида, барои рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон мусоидат мекунад. Таҷҳизот аз маводи бехатар сохта шуда, мутобиқ ба талаботи амнияти кӯдакон мебошад. Иншоот имконият медиҳад ки беш аз 300 кӯдак дар фазои озод ба бозӣ машғул гарданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар баробари дигар иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта, боз як корхонаи саноатии «Нонвойхона» мавриди истифода қарор дода шуд. Ин корхона аз тарафи соҳибкори ватанӣ Гуламадшо Шосафедов таъсис гардидааст. Дар корхона зиёда аз 10 намуди маҳсулоти нонӣ омода карда мешавад. Айни замон дар «Нонвойхона» 4 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Корхона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, минбаъд барои сокинони вилоят хизматрасонӣ хоҳад намуд.
Ҳамзамон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ бинои нави Раёсати кишоварзии вилоят мавриди истифода қарор гирифт. Бино аз се ошёна иборат буда, бо усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Дар дохили он 9 утоқи корӣ, бо мақсади беҳтарсозии идоракунӣ ва хизматрасонӣ сохта шудааст. Инчунин дар ин ҷо толори маҷлис, утоқҳои техникиву инфросохтори зарурии муосир ва шароити зарури корӣ барои кормандони бахши кишоварзии вилоят муҳайё гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки шароити нави корӣ имкон медиҳад то сифати корҳои раёсати кишоварзӣ боз ҳам беҳтар гардида, баҳри расидан ба натиҷаҳои ниҳоӣ дар ин соҳаи ниҳоят муҳим барои хоҷагии мамлакат заминаи боэътимод гузошта шавад.