Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 120 нафар наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и шаҳри Кӯлоб бо мақсади бофароғат гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон ба фаъолият оғоз намуд. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ 120 нафар наврасонро ба истироҳат фаро мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» барои фароғати хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи нақшаи рӯз, истироҳати хонандагон аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муайяни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқоварро дар бар мегирад. Дар баробари ин, бо иштироки тарбиятгирандагон ҳамзамон озмунҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил гардидааст, ки хонандагон дар ин ҷо метавонанд малакаи худро тақвият бахшанд.
Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати маводи хӯрокворӣ ва талаботи дигари мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.
Бо мақсади таъмини амнияти ҷонӣ, солимии равонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии истироҳаткунандагон, мураббиёни гурӯҳҳои истироҳатӣ пайваста машғулиятҳои тарғиботию омӯзиширо мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






