Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд, Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ таъсис дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва иштирок дар семинар-машварат бо кишоварзони ҷумҳурӣ 24-25 майи соли 2024 баён доштанд, амалӣ мегардад.
Маркази мазкур барои фарогирии то 200 нафар хонанда дар як вақт пешбинӣ шуда, ҳадаф аз таъсиси он муҳити мусоиди таълимӣ ва истеҳсолӣ фароҳам овардан барои хонандагон ҷиҳати азхудкунии малакаҳои амалии дӯзандагӣ мебошад.
Дар ин марказ шароити муосири омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон, инчунин заминаи боэътимод барои пайдо кардани шуғли доимӣ бо музди маоши баланд ва касбу ҳунари серталаб дар бозори меҳнат фароҳам оварда мешавад.
Назорат ва ҳамоҳангсозии бунёди Марказ зери роҳбарии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода ва гурӯҳи корӣ ба роҳ монда шудааст.
Ташкили ин марказ иқдоми муҳими амалишавии бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Сарвари давлат маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дастгирии ҷавонон дар омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон, дар доираи ин иқдом дар Литсей синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва устохонаҳои таълимӣ барои касбомӯзии хонандагон таъсис меёбанд. Иқдоми мазкур ба тарбияи кадрҳои соҳибкасб, таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони кордон ва инкишофи истеҳсолоти ватанӣ мусоидат мекунад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ, ҷавонон имкони воқеии омӯхтани ҳунари муосир ва соҳибкасб шуданро пайдо мекунанд, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат заминаи устувор мегузорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» иштирок намуд






