Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид

Июль 18, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулл, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи мазкур дар бахшҳои об ва иқлим, аз ҷумла нишасти тадорукотии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба об дар Душанбе ва Конфронси «Раванди оби Душанбе» дар остонаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки дар соли 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, баррасӣ шуданд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 18, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад