Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 210 муассисаи таълимӣ барои таълиму тарбияи хонандагон фаъолият доранд. Аз ҷумла, 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 19 умумии асосӣ, 177 миёнаи умумӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз ин теъдод 149 муассисаҳои таълимии буҷетӣ, 10 адад муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, 13 адад муассисаҳои таълимии тобеи ташкилоту идораҳо, 38 адад муассисаи таълимии ғайридавлатӣ мебошанд, ки бо фарогирии 302 ҳазору 190 нафар хонанда фаъолият намуданд.
Бояд иброз намуд, ки шумораи хонандагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 812 нафар зиёд мебошад.
Инчунин дар шаҳри Душанбе 5 муассисаи интернатӣ фаъолият менамояд, ки дар он 883 нафар хонанда, ки аз ин шумора 503 нафар маъюб, 34 нафар ятими кул, 276 нафар нимятим, 269 нафар аз оилаи камбизоат ба таълиму тарбияи фаро гирифта шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






