Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, моҳи сентябр дар мамлакат баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар назар дошта шудааст. Ин фестивал бо мақсади иҷрои банди 22-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои варзишии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои баргузории ин чорабинии варзишӣ масъул гардидаанд.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо мақсади эҳё, рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор карда мешавад.
Хотиррасон мегардем, ки бо мусоидати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 сентябри соли 2016 дар заминаи баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ нахустин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (намоишӣ) дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш (мусобиқа) — гӯштини миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр), шоҳмот, бандкашӣ ва аз рӯи 10 намуд бозиҳои намоишӣ – хурусҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камолғулак, фалағмолпартоӣ, ҳойталак ва бандпарак дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида буд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






