Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ба Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.
Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.
Директори Раёсати масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва муҳити зист дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Каве Заҳедӣ дар ҷаласа чунин иброз намуд: «дар ҳоле ки мо бо буҳрони иқлимӣ ва талафоти гуногунии биологӣ муқовимат менамоем, баланд бардоштани устуворӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва тарғиби намудани агроозуқаворӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аҳамияти бештар пайдо мекунад».
То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна танҳо 12 иншоот дар 5 кишвар — Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шуда буданд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд, ки купрӯк байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин мешаванд.
Дараи Алмосӣ ба яке аз манотиқи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст.
Бино ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокути кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.
Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва дастрас ба деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва шарикони рушд навсозӣ шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
«НАҚЛИЁТИ «ҲУШМАНД»». Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи рушди ин намуди нақлиёт баргузор гардид
Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и Варзишгоҳи миллӣ босуръат идома дорад
Дар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул иқтидори маъдании Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«КАРТОТЕКА». Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба низоми нави рақамии баҳисобгирии маблағу воситаҳо мегузарад
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд






