Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд

ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 — 8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ки дар он гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ангури гулобии тоифӣ ва дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, 31 октябри соли равон дар доираи таҷлили ҷашни 80-солагии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид сертификати «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» расман ба ҷониби Тоҷикистон тақдим карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли равон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй аз Дарраи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда буданд. Инчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбат Тсюй Дунъюй изҳор дошт, ки «Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид омода аст дар раванди рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад ва афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва гуногунрангии биологию хӯрокворӣ мебошад».
Таъкид намудан ба маврид аст, ки ангури тоифӣ ва гӯсфанди ҳисорӣ дар мавзеъи Дараи Алмосӣ парвариш карда мешаванд.
Ангури тофӣ, ки дар минтақаи Ҳисор парвариш меёбад бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин бо таъм фарқ мекунад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донааш байзашакл, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар дохили хона зимистон дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштанаш мумкин аст. Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ вобаста ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад.
Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад.
Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои қаламрави ИДМ интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо низ парвариш карда мешаванд.
Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар корхонаҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»