Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯзона ба 35+38 дараҷа мерасад. То 28 июли соли равон дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 2-7 метр, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа гарм, рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






