Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи маълумоти оперативӣ, гурӯҳи қочоқбари фаромиллии воситаҳои нашъадори афғон иборат аз чор нафар бо роҳбарии Азархон валади Сайдумар, тахминан 50 сола, зодаи қарияи Каҷии вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳаи Кишти ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ғайриқонунӣ убур намуда, кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба Тоҷикистон дошт.
Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии 5-уми “Хирманҷо”-и қисми низомии Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масири ҳаракати гурӯҳи ҷинояткор муайян ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд.
Зимни амалиёти боздошт қочоқбарони афғон ба амри кормандони амниятӣ оид ба таслим шудан итоат накарда, аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ роҳбари гурӯҳи қочоқбарон Азархон валади Сайдумар ва аъзои гурӯҳ Азизи Розмуҳаммад, тахминан 30 сола, зодагони қарияи Каҷии вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон безарар карда шуданд. Аъзои боқимондаи гурӯҳ ба муқобилияти мусаллаҳона тоб наоварда, ба самти Афғонистон фирор намуданд.
Дар ҷойи ҳодиса 2 адад автомати “Калашников” бо тирдон ва 17 дона тир, 1 адад таҷҳизоти шаббин, 1 адад қаиқи резинӣ, 3 борхалта бо 59 бастаи дорои маводи нашъаовари навъи “афюн” ва як бастаи дорои маводи мухаддири навъи “метамфитамин” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи дарёфтшуда 57,515 кг воситаи нашъадори навъи “афюн” ва 960 грамм навъи “амфитамин” буда, вазни умумиашон 58 килограмму 475 грамро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастрасии моддаҳои 195 қисми 2, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ҷиҳати муайян ва дастгир намудани ҳаммаслакони ин гурӯҳи ҷиноятӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳифзи марзу буми Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳадафи аслии Ҳукумат ва мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти низомию ҳифзи ҳуқуқ суботу амният дар ҷумҳурӣ таъмин буда, ҳаёти осоишта ва ободкорию созандагӣ ҷараён дорад.
Ҳамон вақт метавон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир дастболо шуд, ки агар сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳушёру зирак, равшанзамир ва огоҳ дар хатти марз амал намоянд ва қалбашон саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватану миллат бошад ва ба таҳаввулоти минтақа бо назардошти риояи манфиатҳои миллӣ бархӯрд дошта бошанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷинояткориҳои муташаккил, терроризму экстремизм ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳиммоти ҷангӣ муборизаи беамонро бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ ба роҳ мондааст. Зеро муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ ва таҳдид ба генофонди миллӣ мегардад.
Бинобар ин бояд ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан онҳое, ки дар манотиқи наздимарзӣ сукунат доранд, бо зоҳир намудани ҳушёрию зиракӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ба кормандони мақомоти марзбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор сохтани ҷинояткорӣ, аз ҷумла сарҳадшиканӣ кӯмак расонанд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд






