«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид

Июль 8, 2025 11:12

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Барномаи татбиқи он тасдиқ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Стратегияи мазкур дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, муҳокима ва қабул гардид.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Барномаи татбиқи он мусоидат ба баланд бардоштани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, агросаноат ва рақамикунонӣ мебошад.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат таваҷҷуҳи махсус ба фароҳам овардани заминаҳои муосири ҳуқуқию иқтисодӣ, таъмини шаффофият ва ҳамкории фаъоли байнисоҳавӣ зоҳир намуда, супориш доданд, ки татбиқи пурраи стратегия таҳти назорати доимии сохторҳои дахлдор қарор гирад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 8, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»