Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 760 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра ба Тоҷикистон 924 ҳазору 884 нафар шаҳрванди хориҷӣ омадаанд, ки аз ин шумора 761 ҳазору 391 нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумии сайёҳон беш аз 699 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 59 ҳазору 822 нафар аз кишварҳои дур мебошанд.
Ин маълумот аз таваҷҷуҳи хосса ва устувори сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ, хусусан дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои дур дарак медиҳад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбандаи ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир дорад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ боиси зиёд гардидани ҷойи кори нав, ворид шудани асъори хориҷӣ ва тақвият ёфтани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад. Инчунин сайёҳӣ ба соҳаҳои хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ таъсири мусбат мерасонад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






