Маркази миллии қонунгузорӣ 41 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид

Июль 28, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025  41 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронид, ки дар натиҷа 86 таклифи илмӣ рӯйи кор омад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори марказ Иззатулло Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои директори марказ, дар ин давра аз ҷониби таҳиякунандагон ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 10 огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мегарданд, бо мақсади гузаронидани машварати оммавӣ ҷойгир карда шуд.

«Дар ин давра нисбат ба 7 огоҳинома хулоса доир ба гузаронидани машварати оммавӣ пешниҳод гардида, ба 11 лоиҳа хулосаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод гардид, ки 30 таклифу пешниҳодҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон ба 3 лоиҳаи таҳиякунандагон хулоса вобаста ба фарогир будан ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод карда шуд», — илова намуд Иззатулло Саидзода.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод таҳия намояд. Ҳамчунин он таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»