«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!

ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 7 миллион маротиба сокинони Тоҷикистон замимаи мобилии «МегаФон Life»—ро боргирӣ намуданд. Он дар смартфонҳо бе сабаб ба кор дароварда нашудааст, онро ҳаррӯза фаъолона истифода мебаранд: хизматрасониҳои алоқаро пайваст мекунанд, маблағи харидҳоро пардохт менамоянд, маблағҳоро интиқол медиҳанд, вазифаҳои дигари маиширо ба иҷро мерасонанд. Пас сирри маъмул будани замима дар чист?
Хизматрасониҳои рақамӣ чӣ гуна ҳаёти истифодабарандагонро содда мегардонанд? Якчанд функсияҳои муфиди “МегаФон Life”-ро номбар мекунем. Ба замима – барои дастраскунии чиптаҳои ҳавопаймоӣ
Барои ба хазина рафтан, омӯхтани сомонаҳои ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ имконият ё вақт надоред? Дигар зарурат нест: хизматрасонии хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар замимаи “МегаФон Life” имкон медиҳад, ки ин масъала бо роҳи соддатар ҳал карда шавад. Санаи парвоз, фурудгоҳ ва ҷойи таъинотро ворид мекунед ва вариантро бо нархи мувофиқ интихоб менамоед… Якчанд дақиқа – ва чипта аллакай дар дасти Шумост.
Ҷиҳати аз ҳама мусбати замима дар он аст, ки хизматрасониҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа дастрас мебошанд. Масалан, аз хона метавон чиптаи ҳавопаймоиро ба Русия дастрас карда, дар Русия чиптаро ба Тоҷикистон харидорӣ намуд.
Маблағҳо таҳти назорат
Шумо дар хориҷа қарор доред, лекин интиқоли маблағ ба наздикон ё пардохти ҳисобҳои хона зарур меояд? Ба Шумо “Ҳамён”-и “МегаФон Life” кӯмак мерасонад. Ин на танҳо воситаи пуркунии тавозун, балки воситаи мукаммали молиявиест, ки барои анҷом додани амалиётҳо дар дилхоҳ нуқтаи олам имкон фароҳам меоварад. Маблағ гузаронидан мехоҳед? Танҳо телефони худро ба кор баред – ҳам қулай ва осон, ҳам вақти хеле камро мегирад.
Хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ дар замима комилан бехатаранд: дастрасӣ ба қисми “Ҳамён” ва “Таърих” бо PIN-рамз ё Face ID ҳифз шудааст, танҳо соҳиби дастгоҳ метавонад маълумоти молиявии худро аз назар гузаронад. Инчунин имконияти пинҳонкунии тавозун дар экран дастрас аст – барои ин кофист, ки телефонро такон диҳед ва маблағ ба бегонагон нонамоён мешавад. Барои интиқоли маблағ бошад, дигар зарур нест, ки тамоси заруриро ҷустуҷӯ кунед ё маблағро дастӣ воред намоед – аз рӯйхати амалиётҳои қаблан анҷомдодае, ки танҳо ба Шумо намоён ҳастанд, якеро интихоб карда, бо як пахш маблағро интиқол диҳед. Дар омади гап, акнун функсияҳои аз ҳама зарурӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳо ва кэшбекҳо дар қисми “Хизматрасониҳо” ҷойгир карда шудаанд. Дар ин ҷой пайдокунии онҳо осонтар аст.
Маблағ лозим аст? Қарзи “Орзу”-ро ба даст оред!
Агар фавран маблағ лозим бошад, “МегаФон Life” дар ин ҳолат низ кӯмак мерасонад. Қарзи “Орзу” дар замима ба Шумо имкон медиҳад, ки то 100 000 сомонӣ қарзи нақдӣ ба даст оред ё бо ҳамин миқдор маблағ молҳоро ба насия гиред. Меъёри маблағи дастрас алоҳида муайян карда шуда, онро метавон бевосита дар замима зиёд намуд. Ҳамааш осон ва қулай аст.
Хизматрасониҳои алоқа ҳамеша дастрасанд!
Вақте пардохти маблағи тарофа, пайвасткунии бастаи дақиқаҳо ё мегабайтҳо зарур меояд, лекин маблағи тавозун нокифоя аст, чӣ бояд кард? Ин мушкилӣ нест! Акнун фавран ҷустуҷӯ кардани роҳи пуркунии ҳисоби мобилӣ чораи ҳатмӣ нест. “Пардохти боваринок” ба Шумо дар ин ҳолат кӯмак менамояд: метавон бевосита дар замима маблағи камикунандаро дастрас кард. Пардохт ба таври автоматӣ ҳангоми норасоии маблағ баъди интихоби тарофа ё бастаи хизматрасониҳои алоқа пешниҳод мегардад. Ҳисобро давоми шабонарӯз пур кунед – пардохт ройгон аст. Барои 10 рӯз арзиши хизматрасонӣ ҳамагӣ 3 сомониро ташкил медиҳад. Вақти мувофиқи пуркунии суратҳисобатонро Шумо худ интихоб менамоед. Аз ҳама муҳим – Шумо доим дар алоқа ҳастед!
Барои наздикон маҳсулоту доруворӣ фармоиш диҳед!
Зоҳиркунии ғамхорӣ нисбат ба оилаи худ ҳатто ҳазорҳо километр дуртар аз хона имконпазир аст. Масалан, хизматрасонии “Маҳсулот” имкон медиҳад, ки хариди молҳоро бо назардошти бурдарасонӣ то суроғаи зарурӣ интихоб кунед, фармоиш диҳед ва пардохт намоед. Хизматрасонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба монанди хизматрасонии “Дорухона”, ки дар он бурдарасонии дорувориро ба хона метавон фармоиш дод, дастрас аст.
Суғуртаи автомобил – тавассути “МегаФон Life”
Автомобили худро аз ҳолатҳои ногувор ҳифз кардан мехоҳед? Барасмиятдарории суғурта бе навбатпоиҳо ва рафтан ба идораҳои дахлдор ҳамчунин бевосита дар замима имконпазир аст. Дар қисми “Хизматрасониҳо” полиси мувофиқро интихоб карда, онро дар дақиқаҳои ангуштшумор – аз хона набаромада ба даст оред.
Хизматрасонии қулай
Истифодаи “МегаФон Life” боз ҳам қулайтар шуда истодааст – дар ин самт мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, Super App-ро доимо инкишоф медиҳанд. Ҳамин тавр, чанде пеш имконияти мушаххасгардонии дурдаст амалӣ карда шуд, ки он истифодаи замимаро содда менамояд. Ҳангоми муроҷиат ба мушовир акнун кофист, ки номи худро ворид кунед, система худ ба таври автоматӣ ба шумо мутобиқ мешавад. Ин ҳолат вақтро сарфа карда, хизматрасониро осонтар мегардонад.
Бо “МегаФон Life” ҳатто дар хориҷа Шумо рақами худро идора мекунед, хизматрасониҳои молиявӣ-техникиро истифода мебаред, маҳсулот, доруворӣ ва чиптаҳоро аз хона харидорӣ мекунед. Ҷои тааҷҷуб нест, ки давоми як соли охир замима аз Android 1,3 млн. маротиба ва аз iOS беш аз 600 ҳазор маротиба боргирӣ карда шуд!