Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Тоҷикобод бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз офати табиӣ — заминларза зарардида шинос гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки сохтмони манзилҳои зисти бар асари офати табиӣ зарардида бомаром идома дошта, дар умум зиёда аз 70 фоизи корҳо ба анҷом расидааст. Бо кӯшишу заҳмати сохтмончиёну сокинони ноҳия манзилҳои зист дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли равон бар асари заминларза дар 12 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Оби ин ноҳия 33 хона пурра ва 164 хона қисман вайрон шуда, ба 187 оилаи дигар зарари сабук расид.
Бо супориши махсуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларза ёриҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрокворию сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор расонида шуданд.
Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату кумитаҳо 33 хонаи истиқоматиеро, ки пурра вайрон гаштаанд, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта истодаанд. Ба 164 хонаи қисман вайроншуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маводи сохтмонӣ пурра дастрас гардида, хонаҳо ба тариқи ҳашар аз нав бунёд мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






