Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё варзишгоҳи Турсунзодаро тафтиш намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Комиссари бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё Михаил Толкачев аз Қирғизистон бо ҳолати Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода, ки барои мизбонии бозиҳои мусобиқаи Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 пешбарӣ шудааст, шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни шиносоӣ намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё ҳамроҳ бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» инфрасохтори майдони асосии шаҳр – варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-ро, ки баъди қабул шудан аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё дар давраи бозиҳои Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода номида мешавад, аз назар гузарониданд.
Зимни санҷиш ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё, аз қабили сифати чаман, ғунҷоиш, шароит барои мухлисону ҷойҳои VIP, бехатарӣ, равшании варзишгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ ва утоқҳо барои шахсони расмӣ, шароит барои воситаҳои ахбори омма ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Зимни тафтиш намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё оид ба рафъи камбудиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода тавсияҳо дод. Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» иброз намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани бозиҳои байналмилалӣ тамоми шароити заруриро сари вақт иҷро менамоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






