Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 14.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12–13 июл дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Пешбурди «Руҳи Шанхай» Форуми 6-уми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Форум дар робита ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай эълон шудани соли 2025 ва наздик шудани нишасти сарони ин Созмон, ки тирамоҳи соли 2025 дар Тянҷзини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст, баргузор гардид.
Дар форум масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди босуръат ва таҳкими Созмони ҳамкории Шанхай, таҳлили мушкилот ва хатарҳои кунунӣ, инчунин баррасии дурнамои татбиқи Созмони ҳамкории Шанхай ва Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар форум роҳбарони марказҳои зеҳнии беш аз 100 давлат, намояндагони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, доираҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва коршиносии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Хайридин Усмонзода дар ҷаласаи сеюм таҳти унвони «Таъмини субот ва амнияти минтақавӣ» оид ба «Баъзе парадигмаҳои афзалиятноки рушди Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити муосир» маъруза намуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз дошт, ки «дар шароити кунунӣ буҳронҳои ҷаҳонӣ якдигарро таҳмил мекунанд. Чорабиниҳои бисёрҷонибае, ки дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Чин баргузор мешаванд, равзанаи умеде маҳсуб меёбанд, ки метавонанд самти ташаккули ояндаи муштаракро дар қитъаи АвруОсиё муайян намоянд».
Ба андешаи Хайриддин Усмонзода, Созмони ҳамкории Шанхай тавассути рӯзнома ва фаъолияти худ сатҳу сифати ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ баланд бардошта, дар густариши минбаъдаи робитаҳо саҳми арзанда мегузорад.
«Сатҳи баланди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай аз он гувоҳӣ медиҳад, ки созмон ба туфайли сиёсати бунёдгарои худ, аз ҷумла дар масъалаи ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ байни кишварҳои аъзо тавонист оқибатҳои манфии эҳтимолии ин ихтилофҳоро барои амнияти минтақа пешгирӣ намояд. Намунаи равшани ин раванд —имзои Созишномаи сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон санаи 13 марти соли 2025 мебошад, ки на танҳо барои муносибатҳои дуҷониба, балки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ рӯйдоди муҳим арзёбӣ мегардад»,-афзуд Хайриддин Усмонзода.
Дар форум таъкид гардид, ки бо шарофати суботи дохилӣ фазои Созмони ҳамкории Шанхай барои ҷалби сармоягузорӣ ва интиқоли технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун платформаи ҷолиб боқӣ мемонад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон