НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР БИНОҲОИ НАВСОХТ ҲАТМӢ ГАРДИД. Истифодаи неруи Офтоб дар нақлиёти барқӣ низ муфид аст

Июль 31, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон насби панелҳои офтобӣ дар болои биноҳои навсохт ҳатмӣ гардид. Коршиносон бар ин назаранд, ки истифодаи неруи Офтоб дар нақлиёти барқӣ низ ба мақсад мувофиқ аст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи қароре, ки соли 2021 қабул шуда буд, дар иёлати Калифорнияи Амрико сохтмончиён муваззаф гардиданд, ки шуруъ аз соли 2023 дар биноҳои нав панелҳои офтобӣ насб кунанд.

Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз соли 2029 ҳамаи хонаҳои нав бояд ҳатман бо панелҳои офтобӣ сохта шаванд. Барои биноҳои давлатӣ қонун барвақттар – аз соли 2028 ба ҳукми амал медарояд. Дар Рейн-Вестфалияи Шимолӣ (Олмон) соли 2024 насби панелҳои офтобӣ дар ҳамаи биноҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ, аз соли 2025 – дар хонаҳои нави истиқоматӣ ва аз соли 2026 – дар ҳама гуна биноҳо пас аз таъмири сақфашон ҳатмӣ шуд.

Дар Токио (Ҷопон) аз моҳи апрели соли 2025 ҳамаи биноҳои нав, аз ҷумла хонаҳои истиқоматии хусусӣ бо батареяҳои офтобӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Соли 2024 хабар дода шуд, ки мақомоти Ҳиндустон ба буҷаи кишвар барои насби панелҳои офтобӣ дар болои хонаҳои истиқоматӣ субсидия ворид кардаанд.

Дар Қазоқистон аз соли 2024, дар Узбекистон аз 1 июни соли 2025 дар ҳамаи биноҳои навсохт ва таҷдидшаванда панелҳои офтобӣ, обгармкунакҳо ва насосҳои гармидиҳанда ҳатмӣ шуданд.

Аз 1 апрели соли 2024 дар Тоҷикистон низ истифодаи ҳатмии низоми барқи офтобӣ ҳангоми сохтмон ва таҷдиди биноҳо амалӣ карда шуд. Ин, аз ҷумла, ба хонаҳои истиқоматӣ, маҷмааҳои варзишӣ, биноҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва ғайра дахл дорад. Дар ин хусус Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишро аз 29 марти соли 2024 ба имзо расонид. Ин иқдом дар доираи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид.

Қабл аз ин, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт даъвати шашум, ки 12 марти соли 2024 баргузор гардид, ба корхонаҳои дахлдор супориш доданд, ки дар атрофи биноҳои баландошёна, мактабу кӯдакистонҳо, инчунин муассисаҳои тандурустӣ равшании берунаро тавассути батареяҳои офтобӣ таъмин созанд.

Барои истифодаи хусусии панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон иҷозати махсус талаб карда намешавад. Панелҳо дар бозорҳо ва сомонаҳои ширкатҳои махсус ба таври ройгон фурӯхта мешаванд.

Мувофиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар мамлакати мо, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад, неруи Офтоб ҳамчун манбаи дуюми энергияи барқароршаванда пас аз неруи об хеле мусоид аст.

«Иқтидори тавлиди неруи Офтоб дар Тоҷикистон қариб 25,16 миллиард квт/соатро дар як сол ташкил медиҳад. Ин метавонад 10-20% талаботи иқтисоди миллиро ба энергия ва 60-80% талаботи умумии аҳолиро давоми ҳадди ақалл 10 моҳи сол дар саросари мамлакат таъмин кунад», — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат. Илова бар ин, тибқи Стратегияи мазкур, иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (Офтоб, бод ва биоэнергия) бояд 10 фоиз зиёд карда шавад.

Бино ба таъкиди мутахассисон, истифодаи неруи Офтоб дар нақлиёти барқӣ низ муфид аст. Ин имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия кам карда, ҳаҷми партови моддаҳои зараровар ба атмосфера коҳиш дода шавад. Дар ин бора, аз ҷумла моҳи апрели соли равон роҳбарияти ширкати амрикоии Artera, ки дар бахши манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунад, изҳори назар намуд. Тавре Mail.ru хабар медиҳад, мошини барқии ин ширкат ба Ғарби Амрико сафари тӯлонӣ анҷом дод. Яке аз муассисони ширкат ронандагӣ мекард. Мошин, ки танҳо бо неруи Офтоб кор мекард, беш аз 500 километрро аз Флагстафф (Аризона) то Имепериал-Вэлли (Калифорния) тай кард Ба туфайли панелҳои дар болои сақф, капот ва бағоҷи мошин насбшуда неру барои тамоми масофа кифоя буд.

Дар банди 11-уми «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, чунин омадааст: «Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои барқароршавандаи неру, аз қабили гидроэнергетикӣ, неруи офтобӣ ва бодӣ буда, барои рушди парки нақлиёти барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сарфаи сӯзишворӣ ҷолиб мебошад».

«Дарвоқеъ, истифодаи неруи Офтоб дар мошинҳои барқӣ имкон медиҳад, ки энергияи мустақилона ҳосилшуда самаранок истифода бурда шавад ва дар ҳифзи муҳити зист дар бахши нақлиёт саҳми назаррас гузорад», — мегӯяд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Неруи Офтоб дар нақлиёти барқӣ имкон медиҳад, ки масофаи ҳаракат зиёд карда шавад (он ба батареяи автомобил дар ҳавои офтобӣ энергияи иловагӣ медиҳад), кори мураттаби системаҳои гармидиҳӣ, сардкунӣ ва ҳавотозакунии автомобил таъмин гардад. Дар байни кишварҳое, ки дар истифодаи неруи Офтоб дар нақлиёти барқӣ пешсафанд, Чин, Олмон, Амрико ва Ҷопон қарор доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 31, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда дар иқтисодиёти «сабз» ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 12 намоишгоҳи байналмилалӣ таъмин намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хоҷагии ҷангал дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ зиёда аз 102 ҳазор бех ниҳол шинонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии пахта ва ҷараёни кишти такрорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати 10-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мубориза бо коррупсия тақвият меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 8,9 миллиард кВт-соатро ташкил дод
Тоҷикистон ва Беларус густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ намуданд
200 нафар занони соҳибкор аз грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мегарданд
Дар беш аз 500 гектар замини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии Тоҷикистон боғу токзори нав бунёд гардидааст
Фарҳод Раҳимӣ: «Иқдоми стратегии Президенти Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле саривақтӣ аст»
Корхонаҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 214,7 миллион сомонӣ маҳсулот содирот намудаанд