НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд

Июль 22, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон 550 ҳазору 268 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа 107 ҳазору 851 килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок ошкор ва нобуд карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода иттилоъ дод.

Дар нишаст иброз гардид, ки аз миқдори умумии маҳсулоти нобудшуда 26129,2 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 5846,7 килограмм (литр) маҳсулоти ширӣ, 634,2 литр равғани растанӣ, 14114 дона тухми паранда, 419 килограмм моҳӣ, 339 килограмм асал, 3675 килограмм маҳсулоти намакин, 4154 килограмм меваи хушк, 49788,5 килограмм меваю сабзавот ва 2752 килограмм маҳсулоти полезӣ мебошад. Ин маҳсулот ғайристандартӣ ва хавфнок арзёбӣ гардида, фурӯши онҳо манъ ва нобуд карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ дар 2 ҳолат барангезандаи бемории сӯхтанӣ, 1 ҳолат барангезандаи бемории сиёҳрон ва  дар 20  ҳолат барангезандаи ҳорӣ ба қайд гирифта шуд. Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шуданд.

Нисбат ба бемории сил байни 21 ҳазору 330 сар чорвои калони шохдор санҷиш гузаронида шуда, аз саршумори санҷидашуда чорвои ба туберкулин ҷавоби мусбатдода муайян карда нашудааст. Дар айни замон ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбат ба бемориҳои буғумдард ва сил мутаносибан ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба иншооти нигоҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои забҳи чорво ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 6071 аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шудааст

Раъно НУСРАТУЛЛО,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд