НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шудааст

Июль 24, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташаккул ва рушди стратегияи иқтисоди «сабз» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 62 киловатт-соат сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Тавре ректор иброз дошт, бо назардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад. «Ин неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкардагони донишгоҳ  сохта, ба истифода дода шуданд. Неругоҳи барқи офтобӣ ба рӯшангардонии дохил ва беруни бино, ҳамзамон чароғонкунии шабонаи кӯчаи атрофи донишгоҳ равона гардидааст»,-гуфт ректори донишгоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таҳсили соли 2025-2026 дар донишгоҳ 4 ихтисоси нав: иқтисодиёт ва идора дар корхона, муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ ва дизайн ва графикаи компютерӣ кушода шуд.

Ба иттилои Хайрулло Назарзода, сомонаи маъруфи Осиёи Марказӣ-weprojest.media, ки беш аз 10 сол таҷрибаи муваффақ дошта, ҳамчун калонтарин медиа дар минтақа дар самти илму маориф ва имконоти нав пазируфта шудааст, рӯйхати 5 донишгоҳи беҳтарини Душанбе барои донишҷӯёни Тоҷикистонро нашр намуд. Дар ин рӯйхат, ба иттилои ректор, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ин ифтихори донишгоҳи мо ба шумор меравад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар донишгоҳ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани манзалати либосҳои миллӣ байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт даврҳои омӯзишии «Кадбону», «Гӯлдӯзӣ», «Чакан» ва «Дӯзандагӣ» ба таври ройгон ташкил шудаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

Июль 24, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид