НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон 18 иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 18 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 9,2 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус 21 июл зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мусозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, дар 81 иншооти дигар сохтмон ва навсозӣ идома дошта, марҳила ба марҳила то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонида мешавад.
Иброҳим Мусозода иброз дошт, ки дар шаш моҳи сипаригардида муассисаҳои тиббии вилоят ба шаҳрвандон ба маблағи 21,8 миллион сомонӣ хизмат расонидаанд, ки ин 91 дарсади нақшаи ҳисоботи давраиро ташкил медиҳад. Аз ин шумора ба 19 ҳазору 162 нафар ба андозаи беш аз 3,2 миллион сомонӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 291 мошини ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст. 214 адади он фаъол, 29 адад ба таъмир ниёз дошта, 48 адади дигар аз фаъолият мондааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






