НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар татбиқ мегардад

Июль 23, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар  айни замон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад, ки аз ин 7 лоиҳа дар ҷараёни татбиқшавӣ ва 4 лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд. Чунин изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Иброз гардид, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон (49 километр) ба маблағи 131,4 миллион доллари ИМА, Гулистон – Фархор 29,6 километр ба маблағи 41 миллион доллари ИМА ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, қисмати 3 (пули калон 920 м) ба маблағи 80,85 миллион доллари ИМА оғоз гардиданд.

Ба иттилои Азим Иброҳим, соли равон 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 447,1 миллион доллар, 138 километр роҳҳо бо инфрасохтори зарурияшон ба истифода дода мешаванд. Инҳо роҳҳои Роғун — Оби гарм – Нуробод ба масофаи 76 километр; роҳ аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун- 11 километр; нақби “Истиқлол”, марҳилаи 2 ва 51 километр роҳҳо дар вилояти Суғд мебошанд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои фарогирии пурраи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт 30 модул тартиб дода шуда,  13 модули он мавриди коркард ва истифода қарор доранд. Дар айни замон аз 5 миллиону 567,9 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявии истифодаи умуми дар тавозуни вазорат қарордошта 5 266,3 километр ё 94,5 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаю идораҳои сохтори Вазорати нақлиёт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» хизматрасонии почтаи электронӣ ва 301 адад GPS дар техникаҳои роҳнигоҳдорӣ васлу насб гардидааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд