НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар бахши воқеии иқтисодиёт 23 766 ҷойи кор таъсис дода шудааст, ки бештари он дар бахши воқеӣ асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ, саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати коркард ва таъмини неруи барқ рост меояд. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод.
Тавре иброз гардид, давоми се моҳи соли равон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 42 812 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, ки аз он 44 фоиз ҷойи кори доимӣ, 26,1 фоиз ҷойи кори муваққатӣ ва 28,1 фоиз ҷойи кори мавсимӣ мебошад.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир», марказҳои таълимии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 36 294 нафар ба даврҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.
Дар ин давра тавассути марказҳои рушди малакаҳои касбӣ, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 961 нафар ба касбомӯзӣ аз рӯйи 18 касб, инчунин омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ фаро гирифта шуданд. Дар маҷмуъ, дар шашмоҳаи аввали соли равон 2777 нафар тавассути муассисаҳои таълимии низоми вазорат ба забономӯзӣ ҷалб гардиданд.
Солеҳа Холмаҳмадзода баён намуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи ҳунармандон 19 257 нафарро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии вазорат 6604 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






