НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон риоя нашудани қонуни танзим 255 ҳолат камтар сабт гардидааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 255 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода маълумот дод.
Ба иттилои Раиси Кумита, дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 41 630 маърака баргузор гардидааст. Вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (дар ҳамин давраи соли 2024 885 ҳолат) баррасӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 255 ҳолат кам мебошад.
Аз ин шумора вобаста ба 615 ҳолат ҷазо таъйин гардида, 15 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шуд. Тибқи маълумот, маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 2 миллиону 691 ҳазору 436 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки кумита дар шаш моҳи аввали соли равон дар асоси 557 дархост 2878 номгӯй адабиёти динӣ, 4884 варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, инчунин 601 фитта, 51 телефони мобилӣ, 10 флешкорт ва 1 ноутбуки дорои сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод. Аз ин теъдод ба 364 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 193 дархост хулосаи мусбат дода шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст






