НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия додааст, ки ба маконҳои бехатар кӯч банданд

Июль 22, 2025 15:16

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ» аз ҷониби кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 347 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчидан пешниҳод манзур гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ» дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 пармачоҳ бо жарфи умумии 220 метр парма карда шуд.

«Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаи пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст»,-иброз дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст