Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд

Июль 14, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба гиромидошти хотираи устоди варзиш Азимҷон Тошев ташкил шуд.

Дар он 90 муштзан аз панҷ давлат — Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Рақобатҳо дар ҳафт вазн — 51 кг, 57 кг, 63,5 кг, 67 кг, 71 кг, 80 кг ва +92 кг баргузор шуданд.

Дар вазни 51 кг медали тиллоро варзишгари Русия Баир Батлаев соҳиб шуд. Дар финал Баир Батлаев бар Меъроҷ Суфиҷонов аз Тоҷикистон зафар ёфт. Медалҳои биринҷиро Сунатулло Қулов ва Меҳрон Шафиев аз Тоҷикистон ба даст оварданд.

Медали тиллои вазни 57 килограммро Хусравхон Раҳимов аз Тоҷикистон соҳиб гардид. Муҳаммад Собутхонов аз Узбекистон медали нуқра, Виталий Баитсов аз Русия ва Анӯшервон Фозилов аз Тоҷикистон соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Дар вазни 63,5 кг муштзани умедбахши мо Руслан Ғафуров бо мағлуб кардани Расул Магомедов аз Русия соҳиби медали тилло шуд. Хусрав Зоидов ва Ҷамшед Ғафуров аз Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Довуд Маҳкамов медали нуқра, Искандар Хусейнов ва Абубакр Абдуллозода аз Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Муродҷон Ашуралиев аз Тоҷикистон дар вазни 71 кг ғолиб шуд. Медали нуқра насиби намояндаи Узбекистон Лазизбек Тулкинов шуда, медалҳои биринҷиро Алихан Янгизбаев аз Русия бо Исмоил Дадобоев аз Тоҷикистон ба даст оварданд.

Дар финали вазни 80 кг Чеерав Ачалиев аз Русия ва Шаҳбоз Ҳаитов аз Тоҷикистон сабқат карданд. Ачалиев медали тилло ва Ҳаитов соҳиби нишони нуқра шуданд. Абдумалик Болтаев аз Тоҷикистон ва Аян Калмаганбетов аз Қазоқистон барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Светосиев Тетерин аз Русия медали тиллои вазни +92 килограммро соҳиб шуд.

Муҳаммад Аброриддинов соҳиби медали нуқра, Парвиз Ахмедов ва Асадбек Маннонов аз Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс аз 9 то 12 июли соли 2025 дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар он муштзанҳои тоҷик соҳиби 18 медал- 3 тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд