Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо ташаббуси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 70 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври ҷамъбастии озмун ҳафт даста иштирок намуда, ҷойи якум ба дастаи «Кашшоф», ҷойҳои дуюм ба дастаи «Настуран» ва «Зарафшон» ва ҷойи сеюм насиби дастаи «Чашма», «Ганҷ» ва «Помир» гардид.
Инчунин аз байни иштирокчиёни озмун 8 нафар беҳтаринҳо интихоб гардида, ба Олимпиадаи XV геологҳои ҷавони Русия, ки моҳҳои июл-августи соли равон дар шаҳри Перми Федератсия Русия баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Зимни баргузории даври ҷамъбастии озмун сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки озмун дар доираи сиёсати хирадмандона ва пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуд.
Баргузории чунин озмунҳо на танҳо насли навро ба омӯзиши илмҳои заминшиносӣ ҷалб мекунад, балки маърифати экологии онҳоро баланд бардошта, ба боло рафтани сатҳи огаҳии наврасону ҷавонон оид ба муҳиммияти пиряхҳо дар низоми аҳмияти геологию экологӣ, таъмини об ва суботи иқлим мусоидат менамояд.
Озмун бо мақсади муҳайё намудани муҳити мусоид ба интихоби касбу кори оянда барои хурдсолону ҷавонон, баланд бардоштани завқи мактаббачагон ба омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ, ва дастгирӣ намудани кӯдакони боистеъдод доир мегардад.
Аз омӯзиши самараноки илмҳои муосир, бахусус илмҳои дақиқ, насли созанда, соҳиби тафаккури солим ба воя расида, дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии давлат саҳмгузор мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намудаанд, ки: «мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ бо истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» дар ду сол як маротиба баргузор мегардад, ки дар он хонандагони синфҳои 7 то 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо иштирок менамоянд.
Хонандагон маҳорату истеъдоди худро дар доираи шартҳои озмунҳо, ба монанди ҷавоб ба саволнома, интихоби бошишгоҳи саҳроӣ ва васл кардани хаймаи геологӣ, донистани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ташхиси минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, гидрогеология, палеонтология, нафту газ, хатсайри геологӣ, инчунин озмунҳо ва ҳимояи ҳисоботи геологӣ нишон медиҳанд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






