Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро ифтитоҳ намуданд

Июль 20, 2025 08:12

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи нави саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷобиров Абдулазиз дар пайравӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати кишвар бунёд шудааст.

Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар майдони 8,17 гектар ба маблағи 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо хатти муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Иқтидори корхона дар як соат 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.

Бо бунёди корхонаи саноатӣ 100 ҷои корӣ таъсис ёфта ояндаи наздик бо бунёди коргоҳи сеюм теъдоди кормандон ба 120 мерасад.

Хатҳои истеҳсолии асфалт ва бетон аз ширкатҳои пешқадами хориҷӣ харидорӣ гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.

Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳия коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода карда мешавад.

Корхонаи мазкур дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васли таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 20.07.2025

Июль 20, 2025 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад