Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов ва Сайидаҳмад Сайидкамолов бунёд шуда, аз лиҳози иқтидор калонтарин иншооти истеҳсоли хишти сабук дар вилояти Суғд ба шумор меравад.
Барои бунёду ба кор даровардани корхона 25 миллион сомонӣ харҷ гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳиҳзоти муосир, ки асосан аз хориҷи кишвар оварда шудааст, дар як шабонарӯз истеҳсоли 250-300 метри мукааб газаблок имкон дорад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи “Хишти мусоири аълосифат” дар шаҳри Бӯстон 60 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидааст.
Барои истеҳсоли хишти сабук реги квартсӣ, семент, гач аз дохил ва дигар намуди ашёи хом аз хориҷи кишвар ба корхона дастрас мегардад.
Раванди истеҳсолот 5 марҳиларо дар бар мегирад. Аз ҷумла, омода кардани гил, қолаббандӣ, буғмонӣ дар ҳарорати 200 дараҷа ва бастубанди маҳсулоти тайёр тариқи дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври автоматӣ амалӣ шуда, кори дастӣ кам ба назар мерасад.
Ҳоло дар асоси талабот хишти сабук бо дарозии 60, паҳноии 20 ва баландии 30 сантиметр истеҳсол карда мешавад ва бо дархосту фармоиши харидорон омода кардани ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бо шаклу андозаҳои дигар низ имкон дорад.
Бино ба арзёбии мутахассисони соҳаи сохтмон, хиште, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, ба гармию сардӣ тобовар буда, масолеҳи ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар марҳилаи дуюм муассисон барои насби хишти сабук бунёду ба кор даровардани коргоҳи истеҳсоли ширешро ба нақша гирифтаанд. Дар назар аст, ки коргоҳи мазкур то моҳи сентябри соли 2026 ба истифода дода шавад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 21 корхонаи истеҳсоли газаблок фаъолият дорад. Дар шаш моҳи соли равон дар ин корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли газаблок ба 31,2 ҳазор метри мукааб баробар гардидааст.
Дар саҳни ҳавлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат” ҳамчунин маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуд.
Ҳоло дар шаҳр 60 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани растанӣ, консерваи меваю сабзавот, рехтаи пӯлодӣ, шифер, қубурҳои металӣ, асбестию пластикӣ, профилҳои гуногун, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтиленӣ, коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, рангҳои сохтмонӣ, пойафзол, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошанд.
Бино ба маълумоти масъулон, дар давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳри Бӯстон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шуда, дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот ба 427 миллион сомонӣ баробар гардидааст.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар Истаравшан 28 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад






