Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳонро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи меҳмонхонаи муосири Кайҳон 5-ошёна буда, дар масоҳати 3750 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Меҳмонхонаи мазкур дорои толори муосири маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва 90 ҳуҷраи стандартӣ ва барои меҳмонони олимақом буда, дар дар як вақт метавонад то 188 меҳмон қабул намояд.
Ошёнаи аввали он бо мизу курсӣ ва ҷиҳози зебову роҳатбахш барои истиқболи меҳмонон муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ин ошёна, ҳамчунин, гӯшаи намоишу фурӯши армуғонҳои миллӣ ва дигар фурушгоҳҳо ҷой дода шудааст, ки зимни сафар меҳмонону сайёҳон аз он дидан намуда, туҳфаҳои хотиравӣ дастрас менамоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Маҷмааи навбунёди Кайҳон бо масъулин ва кормандони фурудгоҳ суҳбат намуда, ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот баҳои баланд доданд.
Акнун баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхона зиёда аз 30 сокинони маҳаллӣ ва мутахассисони ватанӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони Маҷмааи Кайҳон дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо ҷалби 200 бинокори ватанӣ оғоз гардида, дар муҳлати муайян моҳи июли соли 2025 бо тарҳи муосиру миллӣ ба анҷом расидааст.









Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






