Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалии экологӣ иштирок намуд

Июль 25, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар  Конфронси байналмилалии экологӣ дар минтақаи Олтойи Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвазири Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мо аҳамияти ҳифзи сарватҳои табиӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳоро дарк намуда, барои нигоҳдорӣ ва афзун намудани ин захираҳо саъю талош менамоем. «Дар заминаи ин талошҳо бояд гуфт, ки Тоҷикистон солҳост, ки рӯзномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ муваффақона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 қатъномаи дахлдор қабул гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии об заминаи устувор гузоштаанд. Ин қарорҳо ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба Рӯзномаи 2030 дохил карда шудаанд, равона гардидаанд»,- иброз дошт Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.

Дар идомаи суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорон ба рушди энергияи «сабз» ва аҳамияти он дар ҳифзи иқлим ҷалб шуда, таъкид гардид, ки 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ тавлид мешавад.  Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли энергияи аз манбаъҳои таҷдидшаванда бавуҷудоянда дар ҷаҳон ҷои шашумро мегирад.  Ҳамзамон гуфта шуд, ки саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар миқёси байналмилалӣ ночиз аст ва аз рӯи ин раддабандӣ дар ҷаҳон мавқеи 130-юмро ишғол менамояд. Инчунин дар нақша аст, ки то соли 2032 Тоҷикистон пурра ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад.

Бо ёдоварӣ аз манбаи асосии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ будани пиряхҳои Тоҷикистон таъкид гардид, ки бо ташаббуси давлати мо соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон карда шуд.

Дар ин замина Фонди байналмилалии боварӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар он саҳми молиявӣ гузошт.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба гуногунии биологии Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки маҷмуи беназиру нодири набототу ҳайвонот, аз ҷумла зиёда аз 6,5 ҳазор намуди рустанӣ дар мамлакат мавҷуд аст. Вале бар асари тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи экосистемаи минтақа таъсири манфӣ мерасонад, ба бисёр намуди ҳайвоноту набототи ваҳшӣ нестшавӣ таҳдид мекунад.

Сарвазири Тоҷикистон дар тақвияти ин суханҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳифзи бузи морхӯр ҷалб намуд, ки дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ умр ба сар мебарад. Барои ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодир бо ибтикори роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли 2024 бо Қарори Маҷмаи Умумии СММ 24 май Рӯзи байналмилалии Морхӯр эълон гардид. Дар баробари ин дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028» амал менамояд, ки он ба ҳифзи ин намуди нодири ҳайвони ваҳшӣ нигаронида шудааст.

Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 10 гектар «Маркази барқарорсозии бабри барфӣ» таъсис ёфта, дар ин самт Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ҳамкории зич дорад.

Ба таъкиди Қоҳир Расулзода, барои ҳифзи табиат дар баробари тадбирҳои андешида ҳамзамон бояд маърифати экологӣ тақвият дода шуда, минтақаҳои муҳофизатшаванда ташкил ва барномаҳои барқарорсозӣ татбиқ гарданд, инчунин идоракунии устувори захираҳои табиӣ ба роҳ монда шаванд. Ба гунаи мисол метавон чанд объекти муҳофизатшавандаи кишварро ном бурд, ки аз онҳо Боғи миллии Тоҷикистон ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.

Дар анҷоми суханронӣ Қоҳир Расулзода изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории зичи кишварҳо метавонад муборизаро барои ҳифзи захираҳои табиӣ пурқувват намуда, амнияти экологиро тақвият бахшад.

Бояд ёдовар шуд, ки Конфронси байналмилалии экологӣ аз 24 то 26 июл дар осоишгоҳи «Манжерок»-и минтақаи Олтой баргузор мешавад. Дар кори он ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок доранд.

Июль 25, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои илму маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода зарурати таҳкими ҳамкориро дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо таъкид намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Шурои Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ барои Тоҷикистон грант ҷудо намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Давлати Кувайт мулоқот намуд
Тоҷикистон барои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» бо Комиссияи иқтисодии СММ ҳамкорӣ менамояд
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»