Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт

Июль 7, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/.  6 июл собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. 

Тамара Абдушукурова  ҳунарпеша, коргардон ва собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон 24 августи соли 1940 дар ноҳияи Рашт (собиқ ноҳияи Ғарм) ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва буда, дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият намудааст. Инчунин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба ҳайси  омӯзгор ва баъдан дар вазифаҳои муовин ва ректори донишкада кор кардааст.

Солҳои 1990 то 1992 Тамара Абдушукурова ҳамчун Вазири фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Инчунин номбурда  дар саҳна бо нақшҳои хотирмон, бахусус симои занони нерӯманд, маҳбубият пайдо кард. Аз ҷумла, нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои «Шоҳ Гавазн», «Ҷавоне аз шаҳри мо», «Деҳотӣ», «Дуэл» ва «Иродаи зан» мебошад. Ҳамчунтн ба ҳайси коргардон чандин намоишномаҳои машҳурро рӯи саҳна овардааст, аз ҷумла «Никоҳи мунтахаб», «Ёрони маҳбуб», «Беҷиҳоз» ва «Зангирӣ» мебошад.

Тамара Абдушукурова бо унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 7, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад