Тавассути роҳи оҳан беш аз 628 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути роҳи оҳан 628,6 ҳазор тонна бор ва 213,2 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 боркашонӣ 113 фоиз ва мусофирбарӣ 100,1 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар шашмоҳаи якуми соли 2025 иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, интиқоли 70 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Таҳлили боркашонӣ нишон медиҳад, ки 90,3 фоиз ба интиқоли воридотӣ, 5,9 фоиз ба интиқоли содиротӣ ва 3,7 фоиз ба боркашонии маҳаллӣ (дохилӣ) рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 23,7 миллион сомонӣ 92 вагон аз таъмири асосӣ ва 194 вагон аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи 16,5 миллион сомонӣ хати роҳ таъмир карда шуд.
Дар ин давра биноҳои нави истгоҳҳои Регар ва Ваҳдат сохта шуданд. Ҳамзамон корҳои ободгардонӣ, васлкунии коммуникатсияҳо, пардоз ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои корӣ бо маводу таҷҳизоти замонавӣ анҷом ёфта, ба истифода супорида шуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»













Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






