Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳум бо мақсади густариши ҳамкории ду давлат дар бахши иҷтимоӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин санад, дар бахши иҷтимоӣ ҳамкории дуҷониба ва табодули таҷриба густариш меёбад.
Иброз шуд, ки бахши иҷтимоӣ яке масъалаҳои муҳими сиёсати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт пайваста чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки қаблан Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида буд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






