35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуросон 239 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 239 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 174 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Хуросон Носир Суризода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки сохтмони иншооти ҷашнӣ то имрӯз 72,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, тибқи нақша, дар марҳилаҳои муайян мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ноҳияи Хуросон ду коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Инҳо корхонаи «Раҳимаи Искандар» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарвати Хуросон» мебошанд, ки ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва пенаблок машғул ҳастанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






