Қабули Қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ дастоварди муҳими байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аст
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо 4 август дар нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон иброз намуд, ки ин қатънома бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2024 аз минбари Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд.
«Қатънома, ки аз ҷониби аксари кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ шуд, ба ҳайси намунаи муҳими ташаккули ризоияти ҷаҳонӣ дар мавриди истифодаи ахлоқӣ ва бехатари зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва бо масъулият идора намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ баромад менамояд. Санади мазкур механизмҳои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъиро барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд»,- афзуд Хуршед Мирзо.
Дар доираи ин механизмҳо таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳамоҳангсозии барномаҳои муштараки татбиқи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ дар назар аст.
Амалӣ намудани ин равишҳо ба таъсиси низомҳои зеҳни сунъӣ, ки бехатар, боэътимод ва боварибахш мебошанд, мусоидат намуда, тавозунро байни танзим, инноватсияҳо ва механизмҳои дохилии худназоратӣ фароҳам месозад. Ин метавонад барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намуна бошад.
Фаъолияти Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе имконият медиҳад, ки татбиқи ташаббусҳои калидӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ вусъат ёбад, аз ҷумла, пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисони зеҳни сунъӣ ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни паркҳои технологӣ дар минтақа, барқарор кардани лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа, ташкили шабакаи ягонаи марказҳои маълумот барои зиёд кардани дастрасӣ ба иқтидори ҳисоббарорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар кишварҳои минтақа, ҳамоҳангсозии ташаббусҳои миллии мониторинги зеҳни сунъӣ бо мақсади татбиқи принсипҳои умумии идоракунии ҳамоҳангшуда, масъулона ва идораи худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо шарикони байналмилалӣ ва созмонҳо.
Ба андешаи Хуршед Мирзо, қабули ин қатънома нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






