Ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо Академияи Кумитаи миллии олимпии Эрон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 август ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии раиси кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Академияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистон бо имконоти илмӣ-таҳқиқотӣ, маркази тибби варзишӣ, толорҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ ва машқӣ, инчунин барномаҳои муосири тайёрии варзишгарони сатҳи ҷаҳонии Академия шинос гардид. Ҳамчунин ҳайат имконият пайдо намуд зӯрхонаеро, ки маркази асосии варзишҳои суннатии Эрон мебошад, дида, бо навъҳои гуногуни машқҳои суннатӣ ва нишон додани усулҳои омодагӣ ба варзишгарон шинос шавад. Ин шиносоӣ ҳамчунин имкони табодули таҷриба ва омӯзиши усулҳои анъанавии варзишии Эронро фароҳам овард.
Ҳарду ҷониб масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самти табодули таҷриба, ташкили даврҳои омӯзишӣ барои мураббиён ва доварон, дастгирии варзишгарони умедбахш ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи варзишро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи варзиш на танҳо барои рушди низоми варзишӣ, балки тақвияти робитаҳои дӯстонаи ҳарду давлат низ аҳамияти муҳим дорад. Шиносоӣ дар фазои самимият ва ҳамкории созанда баргузор гардида, ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






