Ҳайати минтақаи Фландрияи Белгия ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» даъват гардид

Август 12, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои сармоягузорӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратро баррасӣ намуда, оид ба имконоти рушди ҳамкории бахши хусусӣ табодули афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгияро барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», ки моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд