Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи 42-юми Шурои ҳамоҳангсозии масъалаҳои омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) бо иштироки аъзои шуро аз Бонки Русия, Бонки марказии Арманистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Беларус, Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ.
Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Шурои ҳамоҳангсоз бо ишора ба марому ҳадафҳои шуро дар ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи барномаҳои таълими касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар самтҳои муҳимми низоми бонкӣ, ба ин васила муҳайё сохтани фазои ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни бонкҳои марказӣ сухан гуфта шуд.
Иштирокдорон ҷаласа натиҷаҳои иҷрои «Барномаи таълимии омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар соли 2024»-ро баррасӣ ва ҳисоботи Шуро оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025-ро муҳокима намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби аъзои шуро нақшаи корӣ барои соли 2026 тасдиқ ва роҳбарияти Шурои ҳамоҳангсоз интихоб карда шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






