Ба соҳаи маорифи вилояти Суғд Сертификат дар ҳаҷми 3,3 миллион сомонӣ тақдим карда шуд

Август 25, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ Сертификат дар ҳаҷми се миллиону сесад ҳазор сомонӣ (3 300 000) тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи маблағҳои ҷудошуда ба соҳаи маориф, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сертификат тақдим намуд.

Маблағ ба ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои лингофонӣ, таҷҳизоти томактабӣ, кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ равона карда мешавад.

Ин иқдом дар доираи барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани сифати таҳсил ва мутобиқ сохтани он ба талаботи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷумла, «Барномаи такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030», «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025», ҳамчунин таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои солҳои 2020-2027 дар ин самт нақши муҳим дорад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?