Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид

Август 1, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027», дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре 31 июл дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, барнома ба ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил равона гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф аз барномаи мазкур беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   мебошад.

Ёдовар мешавем, ки барнома аз соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида,  ду марҳиларо дар бар мегирад. Барнома аз се замима иборат аст:

Якум, сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд.

Дар марҳилаи дуюм муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд.

Тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёнае, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид