Беш аз 94 фоизи ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ таъмин карда мешавад

Август 19, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 90 фоизи ҳамлу нақл дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешавад, аз ин рӯ, нақлиёти автомобилӣ пешсафи ягона дар гардиши боркашонӣ ба шумор меравад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Тоҷикистон тавассути ҳама намудҳои нақлиёт беш аз 66,6 миллион тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра зиёда аз 63,5 миллион тонна бор тавассути нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеӣ, ки ба ҳамлу нақли тиҷоратӣ машғуланд, интиқол дода шудааст. Ин шумора 94,6 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 тавассути нақлиёти роҳи оҳан беш аз 3,6 миллион тонна бор, аз ҷумла борҳои транзитӣ интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2024 ба андозаи 12,4 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон 70,8 миллиард сомонӣ ($7,5 миллиард), таваррум 1,8 фоиз ва гардиши мол беш аз 33 миллиард сомонӣ ($3,5 миллиард) – ро ташкил дод. Гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нимсолаи аввали соли 2025 ба беш аз 2,1 миллиард доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4,6 фоиз зиёд мебошад. Гардиши боркашонӣ, ки ҳаҷми корҳои иҷрошударо оид ба интиқоли бор дар бар мегирад, ба гардиши мол, ки амалиёти гуногуни логистикӣ, амсоли интиқол, ҷойгиркунӣ дар анбор, бастабандӣ ва ғайраро дар бар мегирад, таъсир мерасонад, аз ин рӯ нишондиҳандаи иқтисодӣ на камтар муҳим аз гардиши мол аст.

Барои Тоҷикистон интиқоли байналмилалии автомобилӣ бо сабаби маҳсур дар хушкӣ ва дур будани давлат аз долонҳои асосии баҳрӣ аҳамияти махсус дорад. Ин намуди нақлиёт имрӯз дар мамлакати мо ҳаракати самараноки молҳоро тавассути убури марзҳо таъмин намуда, тиҷорати Тоҷикистонро бо иқтисоди ҷаҳонӣ мепайвандад. Нақлиёти автомобилӣ имкон медиҳад, ки молҳои миллӣ, аз қабили маҳсулоти кишоварзӣ, меваҳои тару тоза ва коркардшуда, сабзавот, маҳсулоти бофандагӣ, пахта, маҳсулоти корхонаҳои саноатии мамлакат, захираҳои минералӣ ба зовияҳои гуногуни олам содирот карда шаванд.

Ҳамзамон нақлиёти автомобилӣ роҳро барои воридоти молу технологияҳои зарурӣ боз карда, ба гуногунрангӣ ва ғанисозии бозори Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид карда шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун кишти картошка идома дорад
Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид
Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид