Бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи сафари ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 24 август оғоз шуд ва то 29 август идома меёбад, бо иштироки намояндагони ҷавонони ҳарду давлат дар мавзуи «Рушди иҷтимоии ҷавонон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндаи ҳарду давлат маҳсуб шуда, тақвияти ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа аҳамияти хосса дорад.
Иштирокчиён масъалаҳои муҳим, аз қабили ташаккули маърифати иҷтимоӣ, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, саҳми онҳо дар рушди иқтисодию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ, инчунин мубориза бо таҳдидҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аъзои ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш барнома ва таҷрибаи мамлакатамонро дар самти сиёсати давлатии ҷавонон муаррифӣ намуда, баён доштанд, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии иқдоми созандаи ҷавонон барномаҳои гуногун доир карда мешаванд. Аз ҷумла, барои ҷалби онҳо ба фаъолияти иҷтимоӣ, таҳсил, варзиш ва ташаббусҳои инноватсионӣ имконияти фарох фароҳам оварда шудааст.
Намояндагони ҷониби Эрон таҷрибаи миллии худро дар самти тақвияти нақши ҷавонон дар ҷомеа ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ шарҳ дода, барои густариши ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






