Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд

Август 16, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 9 ҳазору 663 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қабул карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо 56 ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, шумораи ташкилоти ибтидоӣ ба 2 ҳазору 957 адад расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба миқдори 31 ташкилоти ибтидоӣ зиёд мебошад. Ин матлабро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, дар маҷлис масоили ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон, натиҷагирии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025, тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи дуюми соли 2025, эълон намудани иқдоми “365 рӯзи ташаббусҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат буд.


Ҳамзамон оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор шудаанд, гузориш пешниҳод гардид.

Зимни маҷлис фаъолияти ҳизбиёни вилоят дар нимсолаи якуми соли равон мусбат арзёбӣ шуда, ба дастовардҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дар вилояти Хатлон баҳои назаррас дода шуд. Инчунин дар бораи баъзе камбудию норасоиҳои фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ ибрози ақида карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар маҷлис пешниҳод карда шуд, ки дар доираи Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидани соли 2025 дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят таҳти унвони “Китобу китобхона” ташаббусҳои ҳизбӣ доир карда шаванд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Август 16, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд